Просмотров: 632

Шикоятҳо ва аппелятсия

Шикоят аз болои қарори нашрия

Сармуҳаррири «Паёми Сино» дар асоси дастнависҳои пешниҳодшуда, ки ба мақсад ва ҳаҷм мувофиқат мекунанд, ба тафтиши беназирӣ, хонданибобии онҳо, шарҳу эзоҳ ва ҷавобҳои муаллифон қарорҳои таҳририявӣ қабул мекунад. Барои расонидани хидматҳои касбӣ ба муаллифоне, ки мехоҳанд дар «Паёми Сино» таълифи босифат ба табъ росонанд, кӯшишҳои иловагӣ ба харҷ дода мешаванд. Ҳамзамон, як қисми муайяни дастнависҳо бо сабаби камбудиҳои тарҳрезии таҳқиқотӣ, сохтори номукаммали гипотезаҳои илмӣ, изҳороти қаблӣ ва вайрон кардани меъёрҳои ахлоқии аз ҷониби умум қабулгардида аз табъу нашр рад карда мешаванд. Қарорҳои дахлдори ҳайати таҳририя мавриди шикоят ва аз нав дида баромадан шуда наметавонад. Ҳамаи муроҷиатҳои дигарро метавон ба суроғаи avicenna@tajmedun.tj ирсол кард.

Муаллифони дастнависҳои радшуда дар ҳолати аз шарҳҳои муҳаррир/муқарриз норозӣ будан метавонанд барои баррасии такрории таҳрирӣ муроҷиат кунанд ва нуқтаи назари худро бо асосу далел ва мулоҳизаҳои мантиқӣ асоснок кунанд. Сармуҳаррир муроҷиати онҳоро бо дигар муҳаррирон муҳокима мекунад ва ҳангоми зарурат метавонад дастнависи радшударо ба гурӯҳҳои нави муқарризон пешниҳод намояд.

Агар муаллифон аз тарзи баррасии дархости сармуҳаррир қаноатманд набошанд, метавонанд мактубҳои худро ба дигар муҳаррирон ва аъзои ҳайати таҳририя пешниҳод намоянд.

Баррасии арзу шикоятҳо

Сармуҳаррир ва дигар муҳаррирони масъул дар асоси Таҷрибаҳои асосии Кумитаи ахлоқии нашрия (https://publicationethics.org/core-practices) фаъолият мекунанд. Муаллифон бояд итминон дошта бошанд, ки тибқи қоидаҳои қабулгардидаи «Паёми Сино» оид ба муроҷиат дархостҳои асосноки муаллифон дар муддати кӯтоҳ дар асоси принсипҳои адолат ва махфияти комил баррасї карда мешаванд. Бо дарназардошти ин, ба муаллифони «Паёми Сино» тавсия дода мешавад, ки талаботи муқарраршударо оид ба ҳадафҳо, вазифаҳо ва ҳаҷми дастнависҳо бодиққат омӯзанд ва мақолаҳое пешниҳод кунанд, ки ба талаботи муқарраршуда ва ахлоқи нашри илмӣ ҷавобгӯ бошанд.