Диданд: 2798

ТАЪРИХИ МАҶАЛЛА

Маҷалаи «Паёми Сино» нашрияи расмии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, мақоми маҷаллаи илмӣ ва тақризиро дорад. Он барои чоп намудани натиҷаҳои фундаменталӣ ва амалии тадқиқоти илмии олимони ДДТТ ва дигар муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғайр аз ин олимони хориҷро ба тарзи мақолаҳои аслии илмӣ, маводҳои тафсираш илмӣ, гузориши ахбороти илмӣ, хулосаҳои феҳристӣ аз рӯи мавзӯъҳои алоҳидаи тадқиқоти илмӣ, маълумоти таърихии, ба ходимони илми тоҷик ва хориҷӣ мансуб, пешбинӣ карда шудааст. Маҷалла дар як сол чор маротиба нашр мегардад ва айни замон ба 20 ҷилд ва 79 шумора расидааст, ки дар онҳо то имрӯз зиёда аз 1600 мақолаҳо оид ба самтҳои гуногуни тиб нашр шудаанд.

Маҷаллаи «Паёми Сино» соли 1999 бо ташаббуси ректори ҳамонвақта, доктори илмҳои тиб, профессор Х.К. Рафиев таъсис дода шудааст. Инчунин дар таъсиси маҷалла профессорон М.Я. Расулӣ ва А.К. Анваров саҳми арзанда гузоштаанд. Дар он солҳо тамоюли зиёдшавии миқдори ҳимояҳои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ба назар мерасид, аммо дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 3 маҷалла вуҷуд доштанд, ки довталабони унвонҳои илмӣ метавонистанд натиҷаҳои тадқиқоти диссертатсионии худро дар соҳаи тиб интишор кунанд. Маҳз, ҳамин далел раёсати донишгоҳро ба таъсис додани маҷаллаи «Паёми Сино» водор намуд. Талаботҳои баланд, нашрияҳои босифат, инчунин ҷидду ҷаҳди мунтазами сармуҳаррирон, ҳайат ва шӯрои таҳририя имкон доданд, ки маҷалла на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ эътироф карда шавад.

Сармуҳаррирони маҷалла олимони машҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон профессорон Рафиев Х.Қ. (1999-2000), Файзуллоев Н.Ф. (2000-2003), Қурбонов К.М. (2003-2005), Қурбонов У.А. (2005-2016) буданд. Аз соли 2016 сармуҳаррир ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино профессор Гулзода М.Қ. Мебошад. Дар тӯли фаъолияти маҷалла, котибон/муҳаррирони масъул Зоиров Б.У. (1999), Юлдошев У.Р. (1999-2003; 2005-2007), Марченко М.А. (2003-2004), Лапина Т.В. (2004-2005), Турсунов Р.А. (2007-2016), Баратов А.К. (2016 то имрӯз) буданд.

Аз соли 2003 маҷалла ба рӯйхати нашрияҳои тақризии илмии аз ҷониби Комиссияи Олии Атестатсионии Федератсияи Россия, барои интишори натиҷаҳои асосии рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ тавсияшуда, дохил карда шудааст. Бояд махсусан қайд намуд, ки маҷаллаи мо аз ҷумлаи аввалин нашрияҳои илмии Тоҷикистон ба рӯйхати номбаршуда ворид карда шуд. Дар он солҳо дар ин рӯйхат танҳо 11 маҷаллаҳои Тоҷикистон аз самтҳои гуногуни илмӣ ҷой доштанду халос.

Маҷалла аз соли 2008 дар Индекси иқтибосоварии илмии Россия (РИНЦ) пешниҳод карда шуд, ки саҳми маҷалларо барои ба хонанда пешкаш намудани ахбори боэътимоди илмии тиббӣ нишон медиҳанд. Масалан, импакт-фактори дусолаи маҷала аз 0,02 дар соли 2013 то 0,453 дар соли 2018 баланд шуд, яъне 22 маротиба, афзоиши импакт-фактори панҷсола бошад, дар ҳамин давра аз 0,024 то 0,320 ташкил дод, яъне 13 маротиба. Рейтинги Science Index дар соли 2013 0,009 буда, дар аввали соли 2018 ба 0,046 баробар шуд.


Динамикаи импакт-фактори дусолаи маҷаллаи «Паёми Сино»


Динамикаи импакт-фактори панҷсолаи маҷаллаи «Паёми Сино»


Динамикаи рейтинги Science Index маҷаллаи «Паёми Сино»

Аз 75 маҷаллаҳои илмии ба РИНЦ пешниҳодшудаи Тоҷикистон «Паёми Сино» ба даҳгонаи аввал аз руйи миқдори иқтибосоварӣ дохил мешавад, аз руйи рейтинги Science Index бошад, байни маҷаллаҳои номбаршуда ҷойи 4-ро ишғол менамояд.

Чӣ тавре ки дар боло қайд шуда буд, дар тӯли 20 соли фаъолият дар «Паёми Сино» 1641 мақолаҳо нашр гардиданд, аз ҷумла 1343 аз тарафи олимони тоҷик пешниҳод шудаанд. Ҷуғрофияи дигар мақолаҳо ба таври зерин тақсим карда шудааст: Австрия – 1, Озорбойҷон – 16, Арманистон – 2, Афғонистон – 4, Беларус – 2, Олмон – 2, Қазоқистон – 32, Қирғизистон – 33, Россия – 191, Ӯзбекистон – 1, Украина – 8, Фаронса – 6. Агар шартан давраи 20-солаи фаъолияти маҷалларо ба 2 марҳила (даҳсолаи аввал ва дуюм) тақсим кунем, миқдори мақолаҳои нашршуда аз мамлакатҳои наздик ва дури хориҷ дар даҳсолаи аввал ба 23, ё 3,9% аз миқдори умумии мақолаҳо мерасад. Ин нишондодҳо дар даҳсолаи дуюм то ба 275, ё ба 26% расидаанд. Ҳамин тавр, миқдори мақолаҳои чопшудаи муаллифони хориҷӣ дар даҳсолаи дуюм 12 маротиба зиёд шудаст. Ин, бешубҳа аз афзудани таваҷҷӯҳи ҳамкасбони хориҷии мо ба «Паёми Сино» ва бештар «шинохташавии» он, берун аз Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.  

Аз соли 2009 «Паёми Сино» дорои рақами силсилагии байналмилалии худ (ISSN) аст, ки он яке аз нишондодҳои хоссаи нашрияи даврӣ мебошад.

Бо қарори Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 «Паёми Сино» ба «Рӯйхати маҷаллаҳои тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шуд.

Давру замон пешравандаанд ва ҷомеаи илмии муосир муносибати қатъитарро нисбат ба сифати маводҳои нашршаванда, хусусан пешниҳоди маълумоти боэътимод бар истифодаи таҳлили муосири оморӣ ва усулҳои нави таҳқиқотро талаб мекунад. Талаботи бештари маҷаллаҳои байналмилалӣ ба шакли ягона оварда шуда ба стандарти ягона дароварда шуда истодаанд. Талабот ҳам барои расмиятдарории нашрияҳо ва ҳам ба тақризи мақолаҳо тағйир ёфтаанд. Стандартҳои муосир ва зарурати ба фазои муосири байналмилалӣ баромаданро ба инобат гирифта, роҳбарияти Донишгоҳ соли 2016 консепсияи нави рушди маҷаллаи «Паёми Сино» қабул кард. Аз ҷумла, ороиши (дизайни) муқова дигар карда шуд, тартиби нави омодасозии нашрҳо мувофиқи талаботи пешсафи муосир, ки бештари нашриётҳои намоёни ҷаҳонӣ истифода мекунанд ба роҳ монда шуд.

Ғайр аз ин, нашри маводҳо дар нашрияҳои махсусгардонидашудаи илмӣ, на танҳо тарзи робитаи илмист, балки ба пешрафти соҳаи алоҳидаи тафакури илмӣ, такони ҷидди медиҳад.

Соли 2017 «Паёми Сино» дар байни ҳамаи маҷаллаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, ба ташкилоти байналмилалии PILA (Publishers International Linking Association), ворид шуд, ки ин ба олимони тамоми дунё имконияти аз мундариҷаи илмии маҷалла огоҳи ёфтанро дод. Илова бар ин, тавассути агентии бақайдгирии CrossReff, ки шарики PILA аст, ба ҳар як мақола рақами ягонаи идентификатсионӣ – DOI (Digital Object Identifier) дода мешавад. Бояд қайд намуд, ки аксарияти маҷаллаҳои илмии дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофгардида ба мақолаҳои худ гузоштани индекси DOI-ро амалӣ гардонидаанд. Бо кадом мақсад ин амал ҷорӣ карда мешавад? Аввалан, ҳангоми рақами DOI доштан, протсесси ҷустуҷӯи мақолаҳо ва иқтибосгирии онҳо осон мегарданд. Дуюм, дар фарқияти аз силкаҳои библиографии муқаррарӣ, DOI бехато шинохта мешавад. Сеюм, DOI моликияти зеҳниро ҳимоя мекунад.

Бо тағйирёбии ороиши берунаи маҷалла, талабот ба сифати тайёр намудани дастнависҳо дигар шуданд, ки ба принсипҳои дар «Талаботи ягона барои дастнависҳо ба маҷаллаҳои биотиббӣ пешниҳодшаванда»-и, аз ҷониби Комитети байналмилалии муҳаррирони маҷаллаҳои тиббӣ (ICMJE) таҳия шуда такя мекунанд, дигар карда шуданд. Аз ҷумла, таваҷчуҳи зиёд ба хулосаи (резюмеи) мақола карда мешавад, ҳамчун ба яке аз бахшҳои асосан хондашавандаи кори илмӣ. Чунки, маҳз резюме дар бештар ҳолатҳо ягона «намоянда»-и мақола ё «варақаи ташрифӣ» дар пойгоҳҳои маводҳои электронӣ мебошад ва барои бештари хонандагон дастрас аст. Мувофиқи талаботи маҷаллаи мо резюмеи мақолаҳои аслӣ бо забони русӣ ва англисӣ бояд ба таркиби қабулшуда бошанд, яъне қисмҳоро дошта бошанд: мақсади тадқиқот, мавод ва усул, натиҷа ва хотима. Дар охири резюме калимаҳои калидӣ дода мешаванд. Дар саҳифаи аввали ҳар як мақола аз соли 2018 аз тарафи мо бахши «Барои иқтибосоварӣ» бо забони русӣ ва англисӣ ворид карда шуд, ки ба муаллифони дигар раванди ба сифати иқтибос овардани мақолаи мазкурро осон мегардонад.

Қисмбандӣ ва сохтори худи мақола аз замони нашри аввали маҷалла чандон тағйир наёфтаанд ва аз бахшҳои стандартӣ иборатанд. Вале, агар қаблан ба инхо аҳамияти махсус дода намешуд, имрӯз бошад дар охири фасли «Мавод ва усулҳо» овардани усули коркарди маълумотҳои оморӣ ҳатмӣ мебошад. Ғайр аз ин, ҷой доштани муҳокимаи натиҷаи бадастоварда аз назари муқоисавӣ бо дигар тадқиқот аҳамияти махсус дорад, вале мутаассифона, муаллифон на ҳама вақт инро иҷро мекунад ва ин, бешубҳа, баҳодиҳии холлии мақоларо, ҳангоми тақриздиҳӣ паст месозад.

Талаботҳо ҳам ба миқдори адабиёти иқтибосгирифташуда ва ҳам ба сифати он дигар шуданд. Масалан, агар қаблан бештари муаллифон бо 5-8 силкаҳо маҳдуд мешуданд, бо талаботи ҳозираи маҷалла бошад, миқдори силкаҳо дар мақолаҳои аслӣ бояд 15-30-то бошад. Миқдори зикршудаи адабиёти иқтибосгирифташуда аз баланд будани шиносогии муаллифон бо проблемаи баррасишаванда шаҳодат медиҳад ва барои ҳам аҳамияти актуалӣ доштани мавзӯъ, ҳам қисмбандии бахши «Натиҷа ва баррасии он», комилан кифоя мекунад. Нисбат ба сифати адабиёти иқтибосгирифташуда нуктаҳои зеринро зикр кардан мумкин аст. Асосан бартарӣ ба мақолаҳои маҷаллавӣ ва монографияҳои 10 соли охир дода мешавад. Истинодҳо (силкаҳо) ба маводҳои конференсияҳо, дастурҳои таълимӣ ва ғайра маъқул дониста намешаванд. Ҷой додани рисолаҳо, авторефератҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар рӯйхати адабиёт, умуман иҷозат дода намешавад. Аз соли2017 сар карда мо инчунин стандарти ба рӯйхат даровардани библиографии адабиёти иқтибосгирифташударо тагйир додем бо истифодабарии тартиби Ванкуверӣ, ки он аз тарафи чандин маҷаллаҳои биотиббӣ қабул гардидааст. Ғайр аз ин, ҷой доштани рӯйхати транслитератсияшудаи адабиёт ҳатмист.

Дар охири мақолаҳо чунин қисмҳо монанди «Маълумот дар бораи муаллифон», «Маълумот дар бораи манбаи дастгирӣ дар шакли грантҳо, таҷҳизот ва маводҳои доруворӣ», «Ихтилофи манфиатҳо», «Суроға барои мукотиба» ва «Саҳми муаллифон» атрибутҳои ҳатмӣ ҳисобида мешаванд. Аксари ин бахшҳо ба муқарароти асосӣ, ки аз тарафи Комитети оид ба этикаи интишори илмӣ – COPE (Committee on Publication Ethics) коркард ва тасдиқ шудаанд, шабоҳат доранд.

Ба масъалаҳои муаллифӣ дар мақола алоҳида бояд диққат дода шавад. Мутаассифона, ҳолатхое ки дар мақолаҳо баъзе аз ба ном «муаллифон» ба ин мафҳум комилан мувофиқат намекунанд, кам нестанд. Дар бисёр мавридҳо онҳоро ба коллективи муаллифон аз ҳисси мутеъгии мансабӣ, «дӯстӣ», ҳисси «миннатдорӣ» ва дигар далелҳои субъективӣ, изофанависӣ мекунанд. Баъзан, ин то дараҷаи аблаҳона мерасад, вақте ки, шахс натанҳо аз мавзӯъ, масалан, аз кардиология, балки умуман аз илми тиб дурр мебошад. Нисбати чунин шахсон, ба шарте, ки онҳо дар ҷараёни таҳқиқ ягон саҳме гузошта бошанд, вале ба талаботи муаллифӣ мувофиқ набошанд, дар бахши «Миннатдорӣ» («Acknowledgments») ҷой додани ному насаб ва кори баанҷомрасонидаи онҳо қобили қабул дониста мешавад. Хуллас, гарчанде ки мафҳуми муаллифӣ ба таври возеҳ муайян карда шудааст, ин мушкилот ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Дар маҷаллаи мо, чун дар дигар маҷаллаҳо, дар бахши «Саҳми муаллифон» аз рӯйи категорияҳои зерин, ки ҳуқуқи олимро ба сифати муаллиф тасдиқ мекунанд маълумот дода шудааст: коркарди консепсия ва тарҳи таҳқиқот, ҷамъ намудани мавод, таҳрири маълумотҳои оморӣ, ташхиси маълумотҳои ҷамъовардашуда, тайёр намудани матн, таҳрир кардан, масъулияти умумӣ.

Яке аз паҳлуҳои асосӣ дар фаъолияти ҳар як маҷаллаи илмии боэътимод анҷомдиҳии тақриздиҳӣ мебошад. Пеш аз давраи фиристодани мақола ба муқарриз дастнавис аз экспертизаи ибтидоӣ доир ба мутобиқати он ба профили маҷалла аз тарафи муҳаррири масъул гузаронида мешавад. Дар ҳолати мутобиқат, мақола ҳатман бо истифодаи барномаи литсензионии «Антиплагиат» тафтиш карда мешавад. Дар маҷалаи мо холи «гузариш» нишондиҳандаи на кам аз 80 фоиз аслӣ будани матн ҳисобида шудааст. Мақола аз ҳар ду марҳила бомуваффақият гузашта, сипас ба муқарриз, ки аз ҷониби сармуҳаррир таъин мегардад ва мутахассиси соҳаи баррасишаванда мебошад, равона карда мешавад. Дар маҷаллаи мо усули яктарафаи пинҳонии тақриздиҳӣ истифода мешавад («Single blind peer review»), яъне муқарриз муаллифро медонад, вале барои муаллиф ӯ пинҳон мемонад. Муқарриз дар муддати муайян (на бештар аз 2 моҳ) ба редаксия «Варақаи тақризи»-и хосаро бо холҳои аз руйи хулосаи тақриздиҳии гузошташударо равон мекунад.

«Варақаи тақризи дастхатҳо»-и нашриёти «Медиа Сфера» таҳиянамуда, ҳамчун заминаи «Варақа»-и номбаршуда гирифта шудааст. Варақаи мазкур аз 18 савол иборат аст, ки ба онҳо бояд муқарриз посух диҳад. Аммо ин варақа барои навиштани тақриз ба мақолаҳои тафсирӣ ва овардаҳои ҳолатҳои клиникӣ он қадар қулай нест. Аз ин сабаб, мо 2 варақаи дигареро барои корҳои илмии номбаршуда пешниҳод намудем, ки 12-суолӣ доранд. Агар муқарриз аз рӯи мақола суолу эродҳо дошта бошад, онҳо ба муаллифон барои ислоҳ равона мегарданд. Нусхаи ислоҳшудаи мақола такроран аз тарафи муқарриз тафтиш карда мешавад. Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои ихтилофӣ, вақте муаллифон ба андешаи муқарриз розӣ нестанд, дастхат ба муқарризи дуюм фиристода мешавад. Дар марҳилаи чорум (сармуҳаррир, аъзоёни ҳайати мушовара) доир ба зарурати нашри мақола қарор қабул мекунанд.

Нахустин бор дар солҳои фаъолияти худ, соли 2009 маҷаллаи илмӣ-тиббии «Паёми Сино» рақами сериягии стандартии байналмиллалиро (ISSN) гирифт.

Дар солҳои минбаъдаи фаъолият нашрияи пешбари ДДТТ «Паёми Сино» тағийроти назаррас дида шуданд. Аз ҷониби редаксия консепсияҳои нави рушди маҷалла коркард карда шуд. Дизайни маҷалла ба таври куллӣ беҳтар карда шуд, ки ба сатҳи нашрияҳои муосири илмӣ мутобиқа мекунад.

Як чанд сухан доир ба сиёсати «дастрасии кушода» («Open access policy»), ки дар маҷаллаи мо қабул шудааст, арз мекунем. Дар навбати аввал мехоҳем қайд кард, ки «Паёми Сино» аз рӯзи таъсисаш ҳамаи мақолаҳоро ба таври ройгон чоп мекунад, ки аз нигоҳи мо шаъни бузург мебошад ва ба таври назаррас ворид гардидани корҳои бевиҷдононаро бартараф менамояд. Маҷалла ҳам аз маблағи муассис – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ҳам обуна нашр мегардад. Қисми ночизи хароҷот барои интишори «Паёми Сино» аз ҳисоби ҷой додани реклама пушонида мешавад. Дар сомонаи расмии маҷалла барои дастрасии озод бойгонии он аз соли 2008 ва дар платформаи РИНЦ аз соли 2008 пешкаш карда шудааст.

Масъалаҳои масъулияти муҳаррирон, муқарризон ва муаллифон, инчунин бавиҷдонӣ ё бевиҷдонии муаллифон мунтазам муҳокима мегарданд ва яке аз масъалаҳои муҳим дар фаъолияти ҳар як маҷалла мебошад. Падидаҳои номатлуб, ба монанди таққалубу сохтакорӣ, плагиат ва сершумории нашр ва дигарҳо ҷой доранд. Мутаассифона, дар мақолаҳое, ки барои баррасӣ ба маҷаллаи «Паёми Сино» меоянд ин гуна падидаҳо ҷой доранд. Масалан, танҳо дар ду соли охир (2017-2018) нашрия 46 кори аз 298 воридшударо (15,4%) рад кард, аз ҷумла бо сабаби паст будани аслиятӣ – 14, такроран нашр кардан – 15, холи паст доштани натиҷаи тақриз – 6 ва ғайраҳо. Бешубҳа, кор дар ин самт идома хоҳад ёфт.

Дар нимаи соли 2018 кори қувватфизо дар сати тағйир додани тарҳи сомонаи расмии маҷалла оғоз ёфт. Тавре ки дар боло гуфта шуд, дастрасии маводи нашрияҳои илмӣ барои оммаи васеъ, бо пешкаш намудани онҳо, на танҳо дар пойгоҳи илмию иттилоотӣ, балки дар сомонаи расмии худӣ низ таъмин карда мешавад. Маълум аст, ки яке аз талабот барои ҳар як маҷаллаи боэътимоди илмӣ ин мавҷудияти сомонаи расмии худи он аст, ки дар он ҳадди ақал бо ду забон (масалан англисӣ ва русӣ) ҳамаи маълумот доир ба ҳайати таҳририя, сиёсати таҳририя, самтҳои асосии илмӣ, илова бар ин қоидаҳои танзим намудани мақолаҳо оварда шудааст ва бойгонии шумораҳо ва ғайра ҷой дода шудаанд. Дар аввали ҳамин сол сомонаи нави «Паёми Сино» ба кор дароварда шуд. Дар баробари тағйир додани тарҳи берунии сомона, пойгоҳи техникии он ба куллӣ аз нав сохта шуд, аз ҷумла чунин ҷузъи муҳим ба монанди системаи амниятӣ. Ғайр аз ин, сомонаи маҷала бо 3 забон пешниҳод шудааст: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

  Коркарди бахши «Ҳаракати мақолаҳо» навоварие мебошад, ки дар он аз рӯйи рақами идентификатсионӣяи рақами муаллифон метавонанд дар кадо марҳила қарор доштани корҳои худро пайгирӣ намоянд. Гарчанде, ки ин бахш қисми ҳатмии сайт нест, ҷой додани онро мо бо сабабҳои зерин қобили қабул меҳисобем. Бештари олимон, аз ҷумла муаллифони мақолаи мазкур, ки дастнависҳоро ба маҷаллаҳои гуногун месупоранд, аксар вақт бо мушкилоти «даркубӣ» ба нашрия барои фаҳмидани мақолаҳои худ рӯ ба рӯ мешаванд то дар кадом сатҳ қарор доштани мақолаашонро фаҳманд. Баъзан вақт он хеле тӯл мекашад, гоҳе он умуман натиҷае намедиҳад. Аз дигар тараф зангҳои ҳаррӯза ба нашриёт ё дархостҳо бо почтаи электронӣ аз тарафи муаллифон вақти зиёди коргарони маҷалларо мегиранд. Ин бахшро ворид намуда, мо кӯшиш кардем ин масъаларо ҳал намоем. Ба ғайр аз ин, дар ин бахш метавон миқдори корҳои радшуда, ё мақолаҳои аз тарафи муаллифон бозхондашуда, ё дастнависҳои ба гуфте «муаллақ»-ро аёнан дид. Ҳаимн тариқ, метавон аз шаффофияти фаъолияти маҷаллаи мо сухан гуфт. Воқеан, ақидаи ташкил кардани бахши «Ҳаракати мақолаҳо»-ро ба мо системаи пайгирии ҳаракати борҳо, аз ҷониби почтаҳои машҳури экспрессии ҷаҳонӣ DHL, TNT ирсолшаванда, ки тариқи барномаи «Tracking number» метавон макони ҷойгиршавии онҳоро он-лайн аниқ муайян намуд, водор сохт.

Дар ҳоли ҳозир ба ҳайати таҳририя ва шӯрои таҳририя 60 нафар олимон аз Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Озарбойҷон, Олмон, Фаронса шомиланд. Мутахассисони ишорашуда, намояндагии қариб тамоми ихтисосҳоро, аз рӯйи 3 самт ба ӯҳда доранд: тибби клиникӣ, тибби профилактикӣ ва илмҳои тиббӣ-биологӣ.